Чамъияти Сахомии Пушидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурди

«БОВАРӢ ВА ҲАМКОРӢ»

 

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии   Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъиятҳои саҳомӣ» бо ташаббуси Шурои Нозирон Ҷаласаи умумии ғайринавбатии саҳмдорони ҶСП ТАҚҲ «Бовари ва Ҳамкори» даъват карда мешавад. Ҷаласа дар шакли иштироки якҷояи саҳмдорон гузаронида мешавад.

Ҷаласаи умумии ғайринавбатии саҳмдорон рӯзи 14 сентябри соли 2015 баргузор мегардад.

Вақти гузаронидани Ҷаласаи умумии ғайринавбатии саҳмдорон соати 10:00.

Макони гуронидани Ҷаласа: ш.Душанбе, кӯчаи Л.Шерали-3.

Вақти бақайдгирии иштирокчиёни Ҷаласа: 14 сенятбри 2015 с., 09:50

Бақайдгирӣ дар макони баргузоршавии Ҷаласа гузаронида мешавад.

Руйхати шахсоне, ки ҳуқуқи дар Ҷаласа иштирок карданро доранд тартиб дода шудааст.

 

Рӯзномаи рӯзи

Мачлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон

 

  1. Баррасии масъалаи аз ҳайати Саҳмдорон ҶСП ТАҚХ «Боварӣ ва Ҳамкорӣ” баромадани Асотсиатсияи Ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон.

 

  1. Оид ба ворид намудани тағйироту иловахо ба Низомнома “Дар бораи Шӯрои нозирони ҶСП  ТАҚХ  «Боварӣ ва Ҳамкорӣ»

 

  1. Оид ба ворид намудани тағйироту иловахо ба Низомнома «Дар бораи Директори ҶСП  ТАҚХ  «Боварӣ ва Ҳамкорӣ”

 

  1. Оид ба ворид намудани тағйироту иловахо ба Низомнома «Дар бораи Кумитаи тафтишоти”-и ҶСП  ТАҚХ  «Боварӣ ва Ҳамкорӣ”

 

Барои бақайдгирӣ ҳамчун иштирокчии Мачлис, саҳмдорони ҶСП ТАҚҲ “Боварӣ ва Ҳамкорӣ” бояд бо худ шиноснома дошта бошанд, намояндагони саҳмдорон бошад ваколатномаи ҳуқуқи намояндагӣ карданро дар Ҷаласа мутобиқи талаботи қ.1, моддаи 65 Қонуни ҶТ “Дар бораи Ҷамъиятҳои Саҳомӣ” ва моддаи 210 Кодекси шаҳрвандии ҶТ, бояд дошта бошад

 

Бо маводҳое, ки дар Мачлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон бояд пешниҳод карда шаванд, шахсони дорои ҳуқуқи иштирок карданро дошта, метавонанд пешакӣ дар ҶСП ТАҚҲ “Боварӣ ва Ҳамкорӣ” шинос шуда метавонанд.

Оиди шарҳдиҳии тартиби бақайдгирӣ ва гузаронидани Мачлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон ва инчунин дар ҳолати риоя накардани тартиби бақайдгирӣ, саҳмдор ё намояндаи саҳмдор метавонад ба ҶСП ТАҚҲ “Боварӣ ва Ҳамкорӣ” муроҷиат намояд.

Саҳмдорон метавонанд варақаи овоздиҳии дар шакли хаттӣ пуркардашудаи худро ба суроғаи зерин фиристонанд: 734001, ш.Душанбе, кучаи Л.Шерали, х.3.

Варақаҳои овоздиҳии пешниҳодкардашуда дар муайян кардани кворум ва гузаронидани ҷамъбасти овозҳо ба инобат гирифта мешаванд, агар онҳо на дертар аз 14 сентябри соли 2015 равона карда шуда бошанд.

 

Шурои нозирони ҶСП ТАҚҲ «Боварӣ ва Ҳамкорӣ»

10.06.2015
IMG_4171

Мачлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон

  Чамъияти Сахомии Пушидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурди «БОВАРӢ ВА ҲАМКОРӢ»   Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии   Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъиятҳои саҳомӣ» бо ташаббуси Шурои Нозирон Ҷаласаи умумии […]
08.04.2015
mgw

Неделя финансовой грамотности для детей и молодежи

Информация о продвижении финансовой грамотности и финансовой доступности для детей и молодежи  г. Исфары В рамках Всемирной недели финансовой грамотности для детей и молодежи недели финансовой грамотности […]
08.03.2015
case-studies-600x346

Преимущества альтернативного финансирования: Таджикский апекс создает возможности

Кейс-стади МДО «Бовари ва Хамкори», Малика Ибрагимова. Одними из основных уроков, извлеченными микрофинансовым сообществом из финансового кризиса, стали необходимость возврата к основам микрофинансирования и диверсификации рисков […]
08.03.2015
IMG_6430

Бовари 5 лет

История успеха Одним из плодов успешного сотрудничества национальных и зарубежных проектов в сфере микрофинансирования в Таджикистане стала Микрокредитная депозитная организация (МДО) «Бовари ва хамкори». МДО «Бовари […]
08.03.2015
IMG_6463

5 ЛЕТИЮ КОМПАНИИ «БОВАРИ ВА ХАМКОРИ» ПОСВЯЩАЕТСЯ

Ваши результаты за 5 лет впечатляют. В то время когда DFID защищал идею Проекта в Таджикистане перед Министерством экономического Развития Великобритании, ни кто не мог предположить, […]