Дар бораи ташкилот

istoriya1

Таърихи ташкилот

Ташкилоти амонатии қарзии хурди (ТАҚХ) «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» моҳи сентябри соли 2008 дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон дар шакли ҷамъияти саҳомии пӯшида (ҶСП) таъсис ёфтааст.

«Боварӣ ва Ҳамкорӣ» аввалин ва ягона ташкилоти қарздиҳии яклухт дар мамлакат (апекс) мебошад, ки бо мақсади таъмини ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон (ТМХ) бо захираҳо ташкил шудааст.

Ташкилот аз ҷониби Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон (АТМХТ) ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» ҷавобан ба талаботи рӯзафзуни ташкилотҳои маблағгузории хурди маҳаллӣ ба захираҳо, пеш аз ҳама ташкилотҳои хурду миёна, ки дар минтақаҳои дурдаст ва деҳот фаъолият карда, ба гурӯҳи аҳолии бештар ҳимоянашаванда хизмат мерасонанд, таъсис дода шудааст.

Аз соли 2005 сар карда Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон бо дастгирии Ҷамъияти Олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ), Ташкилоти ҳамкориҳо дар соҳаи рушди Нидерланд (ICCO) дар шарикӣ бо Аввалин бонки маблағгузории хурди Тоҷикистон тавассути Хазинаи дастгирии ташкилотҳои маблағгузории хурду миёна, ки ба хизматрасониҳои он талаботи зиёд ҷой дошт, барномаи маблағгузории яклухти ташкилотҳои маблағгузории хурду миёнаро амалӣ мекард.

istoriya4Сандуқи қарзии Хазинаи дастгирии Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон дорои маблағи ниҳоят хурд – тақрибан 200 ҳазор доллари ИМА буд. Донорҳо – GIZ, ICCO ба ин масъала бениҳоят ба таври ҷиддӣ ва эҳтиёткорона муносибат намуданд. Хазина манбаи иловагии бозтамвили ташкилотҳои маблағгузории хурд, гранти алтернативӣ гашта, ба онҳо имконияти гирифтани таҷрибаи ибтидоии кор бо маблағгузории тиҷоратиро фароҳам овард. Натиҷаҳои фаъолияти лоиҳа яқинан нишон доданд, ки ташкилотҳои маблағгузории хурду миёна қодиранд ба аҳолӣ хизмати босифат расонанд, устувору самарабахш бошанд, сандуқи қарзиро афзун гардонанд ва, аз ҳама муҳимаш, тайёранд бо қарзҳои тиҷоратӣ кор кунанд. Дар натиҷа 9 мизоҷи Хазинаи дастгирӣ тавонистанд аз манбаъҳои дигар қарз гиранд. Аз нуқтаи назари сармоягузорон натиҷаҳои таҷриба ифодагари он буданд, ки бозтамвили ташкилотҳои маблағгузории хурду миёна дорои хавфи мӯътадил буда, сандуқи онҳоро гуногун месозад, метавонад аз ҷиҳати иқтисодӣ фоиданок ва сармоягузории бобарор бошад, бо шартҳои зерин:

– мавҷудияти дастгирии техникии суроғавии ташкилотҳои маблағгузории хурд ва истифодаи воситаҳои ҳедҷкунӣ барои пешниҳоди захираҳо бо асъори миллӣ;

– ҳамкорӣ бо сохтори касбии апекс, ки дар ҳолати душвор шудани маблағгузории мустақим ҳамчун мавқеи байни бозингарони гуногуни бозор хизмат мекунад.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 120 ТМХ ба қайд гирифта шудаанд, қонунҳо «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» ва «Дар бораи кооперативҳои қарзӣ» қабул гардидаанд. Аксарияти ин ташкилотҳо ба захираҳои иловагӣ эҳтиёҷ доранд. Вале ташкилотҳои байналмилалӣ, ки ба паҳн кардани хизматрасониҳои худ дар минтақаҳо майл доранд, аз маблағгузории ташкилотҳои маблағгузории хурду миёна меҳаросанд, чунки онҳоро ҳамчун ташкилотҳои серхароҷоти  дорои трансаксияҳои хурди сершумор ва марбут ба хавфҳои калон меҳисобанд.

Таҳлили ҳолати кунунӣ ва тамоюли рушди бозори маблағгузории хурди Тоҷикистон зарурати истифодаи воситаҳои апексро дар ҳавасмандгардонии ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар, ҷойгиркунии босифати он дар байни ташкилотҳои маблағгузории хурду миёна ва устувори сершумор тавассути сохтори апекс муайян кард.

Воқеан, дар байни талабот ва пешниҳод мавҷудияти ҳалқаи пайвасткунанда зарур аст, ки он аз як тараф ба хавфу хароҷоти қарздиҳандагон шарик бошад ва аз тарафи дигар ба афзоиши  фондҳои гардишии ТМХ дар минтақаҳои дурдаст ва кӯҳӣ мусоидат намояд.

Фикри ташкили воситаи апекс дар асоси лоиҳаи мавҷуда, ки то соли 2008 таҷрибаи муайянро ҳосил кард, давоми мантиқии он буд. Дарки масъала ҷидду ҷаҳди ҳамаи тарафҳои манфиатдорро муттаҳид кард.

Таъсиси Сохтори (муассисаи) миллии бозтамвили ташкилотҳои маблағгузории хурд – «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» дар бахши молиявии мамлакат рӯйдоди муҳим ва марҳилаи нави рушди ҳамкориҳо барои ҳамаи иштирокчиёни бозор, дар шахси мақомоти танзимкунанда, донорҳо, сармоягузорон, бонкҳои маҳаллии тиҷоратӣ, АТМХТ ва ТМХ гардид.

Дар солҳои минбаъда фаъолияти ҶСП ТАҚХ «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» 21 ташкилоти маблағгузории хурди устувору босуботро, ки 20 адади онҳо ташкилотҳои хурду миёна ба шумор мераванд, муттаҳид кард. Дар айни ҳол  7 адади онҳо аз рӯи андозаи дороиҳо ҳадди 1 млн. доллари ИМА-ро гузашта, ба дастрасии мустақими маблағгузории хориҷӣ ноил шуданд ва дар минтақаҳои деҳотӣ хизмати молиявӣ мерасонанд. Дар ҷадвал натиҷаҳои марказонидашуда ва муқоисавии фаъолияти 3-солаи Хазинаи дастгирии ташкилотҳои маблағгузории хурду миёна дар шакли лоиҳа ва асари миқёс барои ҳамин давра, аз маблағҳои иловагии ҶСП «Агроинвестбонк» ва ҶСП ТАҚХ «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» дар соли 2009, ҳамчун ба сохтори мустақили бозтамвили ТМХ нишон дода шудаанд.

Натиҷаҳои фаъолияти барномаи қарздиҳии яклухт аз соли 2005

Хазинаи дастгирӣ
солҳои 2005-2008
«Боварӣ ва Ҳамкорӣ»
солҳои 2009-2013
Ҳамагӣ
Шумораи қарзҳо 15 219 234
Маблағи қарзҳои додашуда $ 460 000 $14 233 064 $14 693 064
Шумораи ТМХ 10 20 22
Сандуқ дар хавф 0% 0% 0%
Фарогирии қарзгирони мустақим 8 900 69 882 78 782
Фарогирии минтақаҳо 25 60 62

Аз ибтидои фаъолияти қарзии боғайрати ҶСП «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» 4 сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат 125 қарз ба маблағи зиёда аз 40 миллион сомонӣ (8 млн. доллари ИМА) ба 21 ТМХ – шарикон дода шудааст.

Дар моҳи майи соли 2011 ҶСП ТАҚХ «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» аз ширкати «Микрофинанза Рейтинг» (Италия) рейтинги молиявӣ гирифт ва қарзи аввалини байналмилалиро аз Triple Jamp (Нидерланд) ба мӯҳлати 3 сол ҷалб кард. Ин ӯҳдадорӣ соли 2013 иҷро шуд. Ҳоло созишномаи дуюми қарзӣ то соли 2016 баста шудааст.

Ҳамагӣ дар муддати сипаришуда ба маблағи 33,7 миллион сомонӣ (7 млн. доллари ИМА) воситаҳои қарзӣ ва грантӣ аз 12 манбаи гуногуни маблағгузории ҳам дохилӣ ва ҳам аз ташкилотҳои молиявӣ ва донории байналмилалӣ ҷалб карда шудаанд.
Ба туфайли ҳамкории мутақобилан судманд ва идоракунии самарабахши захираҳо дороиҳои ташкилот зиёда аз 6 маротиба ва сандуқи қарзӣ – 4 маротиба афзудаанд.

Ҳаҷми умумии дороиҳо ба ҳолати 31.12.с.2013 қариб 4 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Сандуқи қарзӣ – 3 миллион доллари ИМА. Ин имконият дод, ки 60 шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони дурдаст фаро гирифта шаванд.