Муассисон

ҶСП ТАҚХ «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» - Сохтори (муассисаи) миллии бозтамвили ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон аз тарафи Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон (АТМХТ)  ва ҶСК «Агроинвестбонк» бо дастгирии Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкории техникӣ ва Ташкилоти байналмилалии Голандии ICCO соли 2008 таъсис дода шудааст. ҶСП ТАҚХ «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» аз тарафи Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон (АТМХТ) ва ҶСК «Агроинвестбонк» ҷавобан ба талаботи рӯзафзуни ташкилотҳои маблағгузории хурди маҳаллӣ ба захираҳои қарзӣ, дар навбати аввал ташкилотҳои маблағгузории хурду миёнае, ки дар минтақаҳои дурдаст ва деҳоти кишвар фаъолият карда, ба гурӯҳҳои бештар ҳимоянашавандаи аҳолӣ хизмат мерасонанд, таъсис дода шудааст.
Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон - ташкилоти ғайритиҷоратиест, ки дар асоси ихтиёрӣ 76 ташкилотро муттаҳид мекунад. Инҳо се бонки тиҷоратӣ, ду ташкилоти байналмилалӣ, ширкати яклухт ва 70 ташкилоти молиявии хурди дар минтақаҳои мамлакат фаъолияткунанда мебошанд. Ассотсиатсия соли 2008, вақте ки якчанд ташкилоти машғули маблағгузории хурд ҷидду ҷаҳди худро барои дар якҷоягӣ лоббикунонии қонунҳо ва ҳимояи  манфиатҳои худ муттаҳид намуданд, ба фаъолият шурӯъ кардааст. Ассотсиатсия расман 23 январи соли 2004 ба қайд гирифта шуда, аввалин ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурд дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
ҶСК «Агроинвестбонк» - бонки хусусии саҳомӣ мебошад, ки дар муддати 20 сол ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёт устуворона хизматҳои молиявӣ расонида, яке аз бонкҳои тиҷоратии пешсафи мамлакат ба шумор меравад. ҶСК «Агроинвестбонк» бо БАТР (Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд», БОР (Бонки Осиёии Рушд), ИБР, ЮСАИД ва дигар муассисаву ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ фаъолона ҳамкорӣ менамояд. Саҳомони бонк шахсони ғайрирасмӣ – резидентони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Бонк 61 филиал дошта, қариб тамоми қаламрави Тоҷикистонро фаро мегирад.
The Deutsche Gesellschaft fűr Technische Zusammenarbeit – GTZ (Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкории техникӣ) дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия «Дар бораи ҳамкории техникӣ» аз 25 октябри соли 1996 ва аз соли 2004 лоиҳаи «Дастгирии хизматрасонии молиявии хурд дар минтақаҳои Тоҷикистон»-ро амалӣ намуда истода, ҳамоҳангсози ташкилотҳои донории дар бахши молиявии хурди Тоҷикистон фаъолияткунанда мебошад.
Агентии оид ба Рушд (ICCO, Нидерланд) - дар соли 1964 ташкил шуда, сохторҳои (муассисаҳои) молиявии навтаъсисро, ки дастрасии мунтазами аҳолии камбизоат ва одамони дорои даромадҳои камро ба хизматрасониҳои молиявӣ бо афзалияти маблағгузории деҳот, таъмин мекунанд, дастгирӣ менамояд. Барномаҳои молиявии хурд, ки аз ҷониби ICCO дар минтақаи Осиёи Марказӣ амалӣ карда мешаванд, ба мусоидат дар беҳсозии ҳолати иқтисодии мамлакат, афзун намудани иқтидори сохторҳои (муассисаҳои) молиявии хурд, таҳияи намудҳои инноватсионии хизматрасонӣ ба мизоҷони дорои сатҳи пасти даромад, аз ҷумла хизматрасониҳои вобаста ба сарфа ва суғуртаи хурд, дастгирии барномаҳои таълимӣ оид ба баланд бардоштани савияи донишҳои иштирокчиёни бозори молиявии хурд, навовариҳо (инноватсияҳо) дар мониторинг (муроқабат) ва идоракунии таъсири иҷтимоӣ нигаронида шудаанд.